Душанбе, 22 июл, АИ «Караван Инфо». Шоми 20 июл Пойтахти Точикистон -Душанбе – Иштирокчиёни экспедитсияи Байналмилалии «Сафар ба дили Авруосиё» – ро бо тантана пешвоз гирифт. Дар нохияи Чорбог мехмонони фахриро тибки анъанахои точики намояндагони шахрдории Душанбе ва Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон пешвоз гирифтанд.

Экспедитсия, ки 6 июн аз Москва огоз ёфт, беш аз 8000 км тай намуда, шахрхои Бузурги Русия, Казокистон, Киргизистон ва Узбекистонро фаро гирифт ва холо масири худро дар 11 шахру нохияи Точикистон — аз Исфара ва Хучанд то Норак ва Панч идома медихад.
Хайати экспедитсия зиёда аз 100 иштирокчи: намояндагони макомоти давлати, ВАО, блогерхо ва донишчуён аз панч кишвари Авруосиё.
Куллаи хатсайр Аввалин форуми байналмилалии иктисодии Осиёи Маркази хохад буд, ки 22 июл дар Душанбе баргузор мешавад. Ин форум на танхо як майдони иктисоди, балки рамзи мархилаи нави хамгироии минтакави ва муколамаи фарханги мебошад.
Экспедитсия паёмхои дустиро аз шахр ба шахр, аз пойтахт ба пойтахт: Аз Москва ба Душанбе, аз Чебоксар ба Дангар, аз Оренбург ба Хучанд, аз Аралск ба Кулоб, аз Кизилорда ба Панчакент мебарад.
Дар хар як шахр, Иштирокчиён дарахти дустиро хамчун рамзи хаёти нав ва хамкории устувор шинонданд. Ба хотири кушташудагон дар Чанги Бузурги Ватани ба «Оташи Абади» гул гузошта мешавад.
Гурухи эчодии экспедитсия дар филми мустанад кор мекунад, ки нахустнамоиши он мохи октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад. Ин филм на танхо хисоботи сафар, балки ёдгории зиндаи вахдати Авруосиё хохад буд, ки рухияи эхтиром, хамдигарфахми ва сулхро ба наслхои оянда интикол медихад.
АКСХО: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон