Душанбе, 22 июл, АИ «Караван Инфо». Шаш филми мустанад дар Точикистон сабт шуда дар шабакахои телевизионии вилояти Шэнси Чумхурии Мардумии Чин намоиш дода мешавад. Намоиш дар доираи барномаи мубодилаи фарханги байни ду кишвар, ки намоиши мутакобилаи филмхо ва барномахои телевизиониро пешбини мекунад, баргузор мешавад.

Дар ин бора раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавоии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Носир Саидзода дар нишасти матбуотии Рузи 21 июл дар Душанбе хабар дод.
Филмхо бо субтитрхои чини ва англиси пахш намуда мешаванд, ки аудиторияи онхоро берун аз минтака васеъ мекунанд. Дар навбати худ, Чин аллакай ба Точикистон 5 филм пешниход намудааст, ки дар шабакахои телевизионии точикистон пахш мешаванд.
Тавре Саидзода кайд намуд, хамкори дар сохаи махсулоти вао рушд хохад намуд: “дар оянда на танхо афзоиши шумораи филмхо ва барномахо барои мубодила, балки тахияи филмхои мустанади муштарак, ки ба таърих, фарханг ва дастовардхои муосири кишвархои мо бахшида шудаанд, ба накша гирифта шудааст”.
Максади асосии барнома тахкими дусти ва густариши хамкории фарханги байни халкхои Точикистон ва Чин мебошад.
Чунин мубодилахо барои бехтар фахмидани фарханг, анъана ва хаети харрузаи ду кишвар кумак мекунанд ва инчунин ба рушди дипломатияи оммави тавассути забони кино ва телевизион мусоидат мекунанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода