ОСТОНА, 25 июл АИ «Караван инфо». Дар Пойтахти Озарбойчон Мохи кинои Казокистон огоз ёфт, ки кушодашавии он намоиши драмаи мусикии “Дос-Мукасан” дар зери осмони кушод буд. Филми режиссёр Айдин Сахаман дар бораи ташаккули ансамбли афсонави, ки рамзи рок ва даврони казок гардид, накл мекунад.

Премераро барномаи консерти бо иштироки хунармандони озарбойчони хамрохи менамуд, ки рамзи равшани вахдати фархангии ду кишвар гардид. Дар чорабини Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Казокистон дар Озарбойчон Алим Байел, намояндагони элитаи эчоди, ВАО ва диаспораи казокистон иштирок намуданд.
Филм дар асоси вокеахои дар акикат ру дода — таърихи донишчуёне, ки бо вучуди мушкилот худро ба мусики бахшидаанд, асос ёфтааст. Сенарияро Ефрат Шарипов навиштааст, продюсери он Айгул Байбек мебошад. Барои эътимоднокии кахрамонон худи муассисони ансамбл Мурат Кусаинов ва Досим Сулеев мушовирон шуданд.

Дар давоми як мох дар Боку намоишхои филмхои дигар баргузор мешаванд, ки чехраи муосири кинои казокистонро инъикос мекунанд.
Аксхо аз манбаъхои кушода