ОСТОНА, 25 июл АИ «Караван инфо». Маркази дастгирии ташаббусхои шахрванди бо иштироки Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК барои гирифтани грантхои давлати озмун эълон намуд. Максади лоиха расонидани кумаки хукуки ва ичтимои ба шахрвандоне, ки аз минтакахои фаъолияти террористи (Сурия, Ирок) дар доираи амалиёти башардустонаи “Чусан” дар солхои 2019-2023 баргаштаанд, инчунин ба хешовандони онхо.

Бисёре аз бозгаштагон то хол дар хуччатгузори ва дастраси ба имтиёзхо ва хидматхои давлати бо мушкилот ру ба ру мешаванд. Илова бар ин, бо сабаби макоми номуайяни кушташудагон ё гумшудагон дар минтакахои низоъ, оилахои онхо низ мушкилот доранд. Вазифаи мухими лоиха пешгирии радикализатсияи эхтимолии ин шахрвандон мебошад.
Грант дастгирии хукуки ва хуччатиро дар бар мегирад. Он аз мохи август то декабри соли 2025 дар Остона, Алмаато, Вилоятхои Атирау ва Казокистони Гарби амали намуда мешавад. Бучети умуми 11,8 млн. тенге.
Тафсилот ва шартхои иштирок дар захирахои оператори ягонаи гранти мавчуданд. Телефон барои маълумот: +7 (7172) 79 04 31.
Аксхо: Вазорати Фарханги ЧК