Москва, 28 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар полигони харби дар нохияи мухтори Мугулистони Дохили, артиши халкии озодихохии Чин намоиши нодири оммавии тахияхои навтаринро дар сохаи силоххои баландтехнологи баргузор намуд. Озмоиши бомуваффакияти комплекси лазерии OW-5, ки барои мубориза бо бесарнишинхо пешбини шудааст, руйдоди маркази буд.

Тавре, ки нашрияи South China Morning Post хабар дод, системаи лазерии дар мошини вазнини артиш насбшуда бо истифода аз нурхои баландэнергетикии ба чашм ноаён хавопаймои бесарнишинро дар масофаи чанд километр сарнагун намуд.
Мачмаа бо радархо, сенсорхо ва манбаи мустакили барк мучаххаз аст, ки ба он имкон медихад, ки дар шароити сахрои кор кунад.
Дар доираи намоиш инчунин арсенали системахои бесарнишин: аз дронхои хурди иктишофи то аслихаи барражи ва чархболхои тактикии FPV пешниход намуда шуд.
Силсилаи дронхои “Фейлун”, ки аз чониби корпоратсияи Norinco тахия шудааст, диккати махсусро чалб намуд. Масофаи парвози онхо аз 10 то 300 км аст ва баъзе моделхоро хатто аз дастгоххои мушакии мукаррари партоб намудан мумкин аст.
Ба акидаи коршиносон, ин озмоишхо курси Чинро барои тачхизонидани технологии артиш ва таквияти системахои муковимат дар форматхои нави амалиети чанги нишон медиханд.
Аксхо: Life.ru