Хоруг форуми Байналмилалии “Памиринвест — 2025” – ро кабул мекунад: уфукхои нави рушд ва шарики – ИА Караван Инфо
Хоруг форуми Байналмилалии "Памиринвест — 2025" - ро кабул мекунад: уфукхои нави рушд ва шарики

Душанбе, 26 июл, АИ «Караван Инфо». Санаи 25 июл дар маркази Помир, дар шахри Хоруг, форуми Байналмилалии сохибкори ва сармоягузори «Памиринвест — 2025» баргузор шуд, ки барои муколамаи байни намояндагони доирахои тичорати, сармоягузорон, сохторхои давлати ва созмонхои байналмилали майдони мухим гардид.

Чорабинии мазкур бо дастгирии макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ) ташкил гардида, намояндагони тичоратро аз Точикистон ва хоричи кишвар муттахид намуда, шаклхои нави хамкори ва табодули тачриба дар сохаи сармоягузориро пешниход намуд.

Вазифаи асосии форум чалби сармоягузори ба самтхои афзалиятноки иктисодиёти ВМКБ, аз чумла кишоварзи, саноати коркард, сайёхи, технологияхои устувор ва лоихахои инфрасохтори буд. Механизмхои тахкими хамкории минтакави ва рушди иктидори истехсолии минтака низ барраси шуданд.

Иштирокчиёни форум бо шароити мусоиди хукуки барои сармоягузорон ва иктидори табиии минтака, ки дорои захирахои беназир ва мавкеи логистики мебошад, шинос шуданд.

Форум бо баромадхои истикболи рохбарияти вилоят ва мехмонони фахри кушода шуд. Дар суханронихои худ онхо ахамияти “Памиринвест” – ро хамчун платформа барои рушди дарозмуддати иктисодии минтака, баланд бардоштани чолибияти сармоягузори ва тахкими робитахои иктисодии хоричи таъкид намуданд.

Яке аз нуктахои калиди ташриф овардан ба намоишгохе буд, ки дар доираи форум ташкил намуда шуда буд. Дар он молхо ва махсулоти ВМКБ аз махсулоти кишоварзии экологи то махсулоти хунархои мардуми ва махсулоти саноати махалли пешниход намуда шуданд. Намоишгох намунаи равшани иктидори минтака ва омодагии он ба шарики гардид.

“Памиринвест-2025” тасдик намуд: Кухистони Бадахшон кодир аст, ки на танхо барои сайёхон, балки барои сармоягузорони байналмилали низ нуктаи чалб гардад. Форум барои татбики лоихахои муштарак уфукхои нав кушод ва минтакаро ба харитаи руйдодхои мухими иктисодии кишвар баровард.

АКСХО: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Вилояти мухтори

Кухистони Бадахшон

error: