Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Карован Инфо». Корпоратсияи Давлатии “Росатом” интизори сафари директори МАГАТЭ Рафаэл Гроссиро ба Москва дар охири мохи сентябр дар доираи саммити байналмилалии атоми тасдик мекунад, гуфт Раиси ширкат Алексей Лихачев ба хабарнигорон.

Мулокот ба чашни 80-солагии саноати атомии ФР рост меояд ва мархилаи навбатии машваратхои мунтазам бо МАГАТЭ хохад буд.
Ба гуфтаи Лихачёв, “Росатом” Гроссиро расман ба саммит даъват намуд, ки дар он масъалахои амнияти хастаи, хамкории байналмилали ва вазъият дар иншооти амалкунанда барраси намуда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки мулокоти каблии рохбарияти корпоратсия бо раиси МАГАТЭ санаи 6 июн дар Калининград баргузор шуда буд, ки дар он хайатхо вазъи НБА “Запороже” ва масъалахои таъмини амният ва назорати онро барраси намуданд.
Михаил Улянов, намояндаи доимии Русия дар назди созмонхои байналмилали дар Вена, кайд намуд, ки ташриф ба чашнхои сентябр як икдоми мантики аст, аммо агар мушкилоти ташкили ба миён ояд, мулокот метавонад ба аввали ноябр гузаронида шавад.
Интизор меравад, ки мухокимахо ба идомаи кори нозирони МАГАТЭ дар истгохи Запороже, масъалахои интиколи неруи барк, обтаъминкуни ва пешгирии садамахо мавзуъхое, ки аллакай дар вохурии июн ба миён омадаанд, дахл доранд.
Сафари дарпешистода як кадами мухим дар тахкими хамкорихои байни “Росатом” ва МАГАТЭ хохад буд, алахусус дар пасманзари нигаронихои афзояндаи байналмилали дар сохаи амнияти хастаи.
Аксхо: CC BY 2.0 / Dean Calma / IAEA