Москва, 1 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири мудофиаи Русия Андрей Белоусов дар Москва бо хамтои суриягии худ Мурхоф Абу Касра музокирот анчом дод.
Мавзуи асосии мулокот рушди хамкории низоми байни ду кишвар буд, алахусус дар шароити мунокишаи давомдор дар Шарки Наздик ва норасоии афзояндаи техникаи намунаи шурави.

Артиши Сурия, ки кисми зиёди он бо силоххои русия ва шурави аз танкхо то артиллерияи калибри 122 ва 152 мм мусаллах аст, бо навсозии арсенал мушкилоти чидди дорад.
Сурия наметавонад ба стандартхои гарби гузарад — на аз чихати техники ва на аз чихати молияви. Техникаи гарби гаронтар аст ва дигар лавозимоти 105, 120 ва 155 мм — ро талаб мекунад, ки бо боги мавчуда мувофик нестанд.
Дар пасманзари низоъ дар Украина, захирахои силоххои намунаи шурави дар саросари чахон ба таври шадид кохиш ёфтанд: кишвархои НАТО барои эхтиёчоти ВСУ техника ва аслихаро фаъолона харидори мекунанд.
Дар ин шароит, махз Русия яке аз чанд таъминкунандае боки мемонад, ки кодир аст артиши сурияро бо интиколи аслиха, кисмхои эхтиёти ва намунахои нави силох дастгири кунад.
Коршиносон кайд мекунанд, ки таваччухи Димишк ба таъминоти нав на танхо аз ноустувории давомдор дар кишвар, балки аз зарурати омодаги ба шиддат гирифтани эхтимоли дар шимоли Сурия вобаста аст.
Бо дарназардошти он, ки кисми зиёди авиатсияи чангии сурия ва техникаи зирехпуш бо зарбахои Исроил нобуд намуда шуданд, масъалаи тачхизонидани артиш барои нигох доштани субот мухим боки мемонад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти ВМ ФР