Москва, 2 августи соли 2025 АИ «Караван инфо». Сарвати сарватмандтарин сохибкорони Русия аз аввали сол беш аз 20 миллиард доллар афзоиш ёфтааст, хабар медихад РИА Новости бо истинод ба маълумоти рейтинги Bloomberg Billionaires Index (BBI).

Афзоиши калонтаринро асосгузори мессенчери Telegram Павел Дуров нишон дод сармояи у 3,27 миллиард доллар афзуда, ба 14,3 миллиард доллар расид.Ин ба у имкон дод, ки ба дахгонаи сарватмандтарин русхо дохил шавад.
Рохбари рейтинг Владимир Потанин, яке аз сахмдорони асосии “Норникел” боки мемонад. Сарвати у 2,56 миллиард доллар афзуда, 30,4 миллиард долларро ташкил дод.
Чои дуюмро хаммулкдори “Лукойл” Вагит Алекперов нигох дошт, ки сармояи он 1,18 миллиард доллар афзуда, ба 26,5 миллиард доллар расид.
Сегонаи пешсафро Леонид Михелсон (Новатэк) мебандад, дар панчгонаи Владимир Лисин (НЛМК), сарфи назар аз талафоти 3,58 миллиард доллар Андрей Мелниченко, Алишер Усманов, Михаил Прохоров ва Михаил Фридман низ ба топ — 10 дохил мешаванд.
Дар руйхати BBI хамаги 20 нафар русхо хастанд. Индекс дар асоси арзиши сахмияхои ширкатхое, ки онхо доранд, хисоб намуда мешавад. Сарвати умумии миллиардерхои русия, ки дар рейтинг пешниход шудаанд, 305,58 миллиард доллар арзёби мешавад.
Аксхо аз манбаъхои кушода