Душанбе, 31 июл, АИ «Караван Инфо». Мувофики маълумот Amu.tv, Раиси ширкати энергетикии афгонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) Абдул Бари Умар изхор дошт, ки Точикистон ният дорад содироти неруи баркро ба Афгонистон дар фасли зимистон бо сабаби мушкилоти таъминоти дохили такрибан 25% кохиш дихад.

“Афгонистон асосан аз воридоти неруи барк, асосан аз Точикистон вобаста аст. Аммо макомоти Точикистон гуфтанд, ки дар зимистони имсола содироти неруи баркро бо сабаби мушкилоти дохилии таъминоти барк такрибан 25% кохиш медиханд. Дар холи хозир Кобул ва чанд вилоят аз Точикистон неруи барк мегиранд ” гуфт Умар.
Сабаби норасои афзоиши шадиди талабот ба неруи барк дар Афгонистон буд. Соли чори истеъмолкунандагони нав ба шабака пайваст шуданд, ки ин ба системаи энергетики бори иловаги овард.
Тибки маълумоти Вазорати энергетикаи Точикистон, дар нимсолаи аввали соли 2025 содироти неруи барк ба маблаги 322,6 миллион сомони 1,1233 миллиард квт / соатро ташкил дод. Аз ин шумора ба Афгонистон 718 миллион квт соат ба маблаги 312 миллион сомони содир намуда шуд.
Каблан хабар дода шуд, ки Точикистон ният дорад содироти неруи баркро дар се соли оянда хар сол ба хисоби миёна 8,7% афзоиш дихад. Ин пешгуихо дар барномаи Хукуматии нишондихандахои асосии макроиктисоди барои солхои 2026-2028 инъикос ёфтаанд.
Абдул Бари Умар. АКСХО аз сайт rta.af