Душанбе, 31 июл, АИ «Караван Инфо». Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар бахши вокеии иктисоди Точикистон 23 766 чойи кори таъсис дода шуд, ки кисми зиёди онхо ба сохахои асоси: кишоварзи, шикор, хочагии чангал ва мохи, саноати истихроч ва коркард, инчунин таъминоти энергия рост омад. Дар ин бора Дар нишасти матбуотии рузи 30 июл Вазири мехнат, мухочират ва шугли Ахолии Чумхурии Точикистон Солех Холмахмадзода хабар дод.

Дар шаш мохи аввали соли чори аз чониби шахсони хукуки ва вокеии кишвар 42 812 чойи кори таъсис, баркарор ё иловатан кушода шуд, ки аз онхо: 44% доими, 26,1% муваккати, 28,1% мавсими.
Дар давраи хисоботи дар заминаи муассисаи Давлатии “Маркази рушди хунарманди ва малакахои муосири касби”, марказхои Таълимии агентии мехнат ва шугли ахоли, инчунин дигар муассисахои таълимии кишвар курсхои кутохмуддати тайёрии касби 36 294 нафар гузаронида шуданд. Инчунин дар тартиби эътирофи тахассус ва салохиятхои калонсолон (валидизатсия) шумораи зиёди шунавандагон чалб намуда шуданд.
Дар давоми шаш мох 961 нафар аз руи 18 касб тайёри гирифтанд. Илова бар ин, таълим бо забонхои руси, англиси ва кореяги ташкил намуда шуд, ки дар мачмуъ 2777 нафар иштирок намуданд.
Мувофики омор, дар чумхури 19 257 хунарманд ба кайд гирифта шудаанд. Бо максади эхе ва дастгирии хунархои мардуми ба муассисахои таълимии вазорат 6604 нафар чалб намуда шуданд.
Вазир таъкид намуд, ки ин тадбирхо ба рушди худмаблаггузори, чалби чавонон ба касбхои истехсоли ва хифзи анъанахои фарханги мусоидат мекунанд.
Аксхо: НИАТ”Ховар”