Душанбе, 31 июл, АИ «Караван Инфо». Дар доираи чашни рузи варзишгарони Точикистон, санаи 3 август дар пойтахт марафони бузурги велосипедрони баргузор мешавад. Чорабини бо ташаббус ва дар асоси Карори раиси шахри Душанбе ташкил намуда шудааст.

Маршрути марафон аз назди бинои Муассисаи Давлатии “Наврузгох” – и Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе огоз ёфта, дар назди “Чорбог” ба анчом мерасад. Ин чорабини як платформаи мухим барои пешбурди арзишхои тарзи хаёти солим ва афзоиши таваччух ба варзиш дар байни табакахои гуногуни ахоли хохад буд.
Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки марафони велосипедрони на танхо хадафхои варзиширо дар бар мегирад, балки рисолати аз чихати ичтимои мухимро дар бар мегирад – муттахид намудани шахрвандон, хавасманд намудани чавонон ба хаёти фаъол ва нишон додани он, ки варзиш рохи хаети солим ва рушди хамохангии чомеа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи рузхои ид” хамасола 10 август дар мамлакат рузи варзишгарон — рузи бахшида ба дастовардхо ва сахми варзишгарони точик дар рушди варзиш хам дар сатхи милли ва хам дар сатхи байналмилали расман тачлил намуда мешавад.
Гузаронидани чунин чорабинихо рамзи пайравии давлат ба ташаккули миллати солим ва фаъол буда, ахамияти варзишро хамчун як кисми мухими хаёти чамъияти таъкид мекунад.
Аксхо: НИАТ”Ховар”