Институти фарханг ва санъати точикистон ихтисоси “Омузгори муассисахои томактаби” – ро мекушояд – ИА Караван Инфо
Институти фарханг ва санъати точикистон ихтисоси "Омузгори муассисахои томактаби" - ро мекушояд

Душанбе, 03 август, АИ «Караван инфо».  Дар институти давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода ихтисоси нав — “Тарбиягари муассисахои томактаби” пайдо мешавад. Дар ин бора ректори донишгох Махмуд Назарзода дар нишасти матбуотии 31 июл хабар дод.

Ба гуфтаи у, ифтитохи ихтисоси нав тибки супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо максади васеъ намудани фарогирии тахсилоти томактаби, бехтар намудани сифати он ва тайёр намудани кадрхои сохибихтисос барои кор бо кудакон амали намуда мешавад.

“Тавсеаи низоми таълиму тарбияи томактаби яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат мебошад. Мо бояд омузгорони насли навро омода кунем, ки тавонанд нигохубин, омузиш ва рушди босифати кудаконро таъмин кунанд”, — таъкид намуд ректор.

Тавре Махмуд Назарзода кайд намуд, дар соли 2025 институт довталабонро аз руи 29 самт ба шаклхои тахсили рузона, хоричи ва пулаки кабул мекунад.

“Имруз дар доираи мархилаи якуми имтихонхои марказонидашудаи дохилшави, ки аз чониби маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад, накшаи кабул 40 фоиз ичро гардида, дар даврхои минбаъда пурра ба анчом расонида мешавад”, – гуфт у.

АКСХО: институти давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода

error: