Душанбе, 03 август, АИ «Караван инфо». Русия ва Точикистон хамкориро дар сохаи амнияти санитари – эпидемиологи, аз чумла хамкори дар доираи сохторхои байналмилали, ба монанди СХШ, СААД ва ИДМ идома медиханд.

Дар Душанбе мулокоти кории Муовини Вазири тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон Абдухолик Амирзода бо Муовини директори Департаменти оид ба масъалахои пахн нанамудан ва назорат аз болои силоххои ВКХ-и Федератсияи Россия Константин Воронсов баргузор гардид.
Чонибхо дурнамои ташкили механизми муштараки машваратиро барраси намуданд, ки имкон медихад, ки вазифахои чори ва оянда дар сохаи вокуниши эпидемиологи, назорати санитари ва амнияти биологи самараноктар хал намуда шаванд.
Тавре, ки иштирокчиёни вохури таъкид намуданд, мушкилоти муосир хамохангсозии зичи кушишхоро дар сатхи дучониба ва бисерчониба талаб мекунанд. Ба амалиёти муштарак дар доираи созмонхои байналмилалии Созмони Хамкории Шанхай (СХШ), Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи (СААД), Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) диккати махсус дода шуд.
Ин формат имкон медихад, ки иттилоот зуд мубодила намуда шавад, ба тахдидхо вокуниш нишон дода шавад ва сатхи устувории санитари-эпидемиологии минтака баланд бардошта шавад.
АКСХО: вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии Ахолии Точикистон