Дар Болград-и Украина мучассамаи Александр Пушкинро аз байн бурданд – ИА Караван Инфо
Дар Болград-и Украина мучассамаи Александр Пушкинро аз байн бурданд

Москва, 02 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар шахри Болград, вилояти Одесса, мучассамаи Александр Пушкин аз байн бурда шуд.

Тавре, ки расонахои махалли бо истинод ба изхороти шурои шахр хабар доданд, ин ёдгори рамзи “сиёсати императории русия” эътироф намуда шуд. 

Ин мучассама дар боге буд, ки каблан номи шоирро дошт, аммо соли 2024 ба “Боги шахри Болград” иваз намуда шуд.

Карор дар бораи бархамдихи тирамохи соли гузашта аз чониби Вазорати фарханги Украина дар доираи сиёсати давомдор оид ба аз нав дида баромадани мероси таърихи кабул намуда шуд.

Ин аввалин чунин амал дар минтака нест. Пештар дар Одесса мучассамаи бард ва актер Владимир Висоткий, ки дар назди бинои киностудия гузошта шуда буд, аз байн бурда шуд. Соли 2022 макомот инчунин мучассамаи императритса Екатерина II-ро вайрон карданд.

Аз соли 2015, пас аз кабули конун дар бораи декоммунизатсия, дар Украина аз байн бурдани ёдгорихои марбут ба гузаштаи Шурави ва Русия, инчунин иваз намудани номи кучахо, богхо ва дигар иншоотхои марбут ба шахсиятхои таърихии ФР фаъолона идома дорад.

Дар тули 10 сол кариб 2 500 мучассама, аз чумла такрибан 1 300 мучассамаи В. И. Ленин аз байн бурда шуд, ки ин такрибан 1,5 хазор шахсиятхои шурави дар мачмуъ мебошанд

Акси мучассамаи вайроншуда дар Киев/ gazeta.ru

error: