Санаи 4-уми август Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар фурудгохи шахри Туркманбоши бо Раиси Халк Маслахати Туркманистон Гурбангули Бердимухаммадов мулокот намуд.

Дар огози сухбат Гурбангули Бердимухаммадов Сарвари Точикистон Эмомали Рахмонро дар шахри Туркманбоши истикбол намуда, ба у икомати гуворо ва ташрифи судмандро таманно намуд.
Эмомали Рахмон аз лахзаи муносиб барои мулокот бо рохбарияти Туркманистон изхори каноатманди намуда, ба бародарони туркман дар кори конфронси байналмилалии хеле мухим муваффакият орзу намуд.
Дар ин замина сухбати пурсамар доир ба доираи васеи масъалахои марбут ба муносибати дусти ва хамкории бисёрчонибаи ду кишвари дуст сурат гирифт.
Ба роххои васеъ намудани робитахои сиёси, тичорати-иктисоди ва фарханги диккати калон дода шуд.
Инчунин дар як катор мавзуъхои минтакави ва байналмилали табодули афкор сурат гирифт.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон