Душанбе, 05 август, АИ «Караван Инфо». То санаи 10 сентябр хоричиёне, ки гайриконуни дар ФР хастанд, метавонанд макоми хукукии худро бидуни хатари ихроч хал кунанд. Баъд аз ин, чорахои шадид, аз чумла манъи вуруд ба амал меоянд.
Намояндагии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Точикистон дар Русия ба шахрвандони ЧТ, ки дар ФР бо вайрон намудани низоми мухочират карор доранд, хотиррасон мекунад, ки то ба охир расидани амали фармони президенти федератсияи русия № 1126 танхо 38 руз боки мондааст.

Ин санад имкон медихад, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 макоми мухочиратии худро бидуни тахдиди депортатсия ё тахримхои маъмури хал кунад.
“Пас аз ин сана, хоричиёне, ки будубоши худро бо тартиби мукарраршуда ба расмият даровардаанд, метавонанд аз кишвар хорич намуда шаванд ва инчунин манъи дарозмуддати вуруд ба Федёратсияи Русияро ба даст оранд”, — хушдор медихад намояндаги дар канали расмии Telegram.
Барои конунигардони чи бояд намуд
Барои халли вазъи хукукии худ, точикистониёни Русия бояд то санаи 10 сентябр ба яке аз созмонхои зерин мурочиат кунанд:
- ба хар як чузъиёти ФГУП ПВС ВКД Русия дар чои истикомат;
- ба Маркази бисёрфунксионалии Мухочирати Сахарово (агар дар Москва бошанд);
- ба вохидхои худудии ВКД оид ба масъалахои мухочират;
- дар сурати имконнопазирии мурочиати шахси ба кормандони полис, хусусан агар сухан дар бораи минтакахои душвортаъсир ё шароити душвори зиндаги равад.
Фармони №1126 аз чониби Владимир Путин хамчун идомаи сахттар намудани сиёсати мухочират дар Русия имзо намуда шуд. Тахрири аввали он халли макоми мухочиратро то санаи 30 апрели соли 2025 пешбини менамуд, аммо баъдтар мухлати он то санаи 10 сентябр тамдид намуда шуд.
Аз санаи 5 феврали соли 2025 дар кишвар режими нави ихрочи мухочирони гайриконуни амал мекунад. Акнун карорхои депортатсияи онхоро на танхо судхо, балки рохбарони полис ва хадамоти мухочирати махалли низ кабул намуда метавонанд.
То лахзаи депортатсия ё ихтиёран баромадан, вайронкунандагон ба “фехристи шахсони назоратшаванда” дохил мешаванд, ки нисбати онхо махдудиятхо дар бакайдгирии никох, сохиби ва идоракунии наклиёт ва дигар махдудиятхои хукукхо амал мекунанд.
Тибки маълумоти ВКД-и Русия, ба ин фехрист аллакай 685 хазор шахрвандони хоричи ворид намуда шудаанд.
Шахрвандони Точикистон, ки дар ФР бе асосхои конуни карор доранд, камтар аз 6 хафта мондаанд, то аз фурсати охирини конунигардони истифода баранд. Пас аз санаи 10 сентябр мархилаи нав бо хатари ихроч, манъи вуруд ва дигар тахримхо огоз меёбад.
Аксхо: ТАСС