Душанбе, 05 август, АИ «Караван Инфо». Санаи 1 августи соли 2025, шахри Гулистон, вилояти Сугд. Дар шахри Гулистон мулокоти сечонибаи рохбарони идорахои хочагии обии Чумхурии Точикистон, Чумхурии Узбекистон ва Чумхурии Казокистон дар сатхи баланд баргузор гардид.

Дар ин чорабинии мухими минтакави Вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон Далер Чумъа, Вазири хочагии оби Чумхурии Узбекистон Шавкат Хамроев, Вазири захирахои об ва обёрии Чумхурии Казокистон Нурчон Нурчигитов, раиси Вилояти Сугд Рачаб Ахмадзода, инчунин хайати кишвархо иштирок намуданд.
Вазифаи асосии мулокот мухокимаи масъалахои мубрами истифодаи якчояи захирахои об, татбики Протоколи сечониба оид ба режими кори обанбори “Бахри Точик” дар моххои июн – августи соли 2025, инчунин густариши хамкории амали байни кишвархо буд.
Дар суханронии ифтитохии худ Вазири энергетика ва захирахои оби Точикистон Далер Чумъа таъкид намуд, ки чунин вохурихо дар тахкими хамкори дар сохаи захирахои об накши калиди дошта, барои рушди хамгироии минтакави асос мебошанд.
Мавзуи тагйирёбии иклим ва норасоии об дар маркази бахс карор гирифт. Чонибхо кайд намуданд, ки дар шароити гармшавии глобали ва кохиши захирахои об истифодаи самаранок ва окилонаи манбаъхои об аз харвакта дида мухимтар мегардад.
Иштирокчиён зарурати тахкими хамкорихои мутакобилан судмандро дар сатхи минтакави махсус таъкид намуданд. Кайд гардид, ки идоракунии устувори захирахои об на танхо барои кишоварзи, балки барои таъмини амнияти об ва суботи ичтимоию иктисоди дар Осиёи Маркази низ накши калиди дорад.
Чонибхо омодагии худро барои таквияти хамкорихои минтакави, ба рох мондани мубодилаи мунтазами маълумот дар бораи захирахои об ва таквияти хамохангсозии амалхо дар давраи корхои кишоварзи изхор намуданд. Ин чорахо имкон медиханд, ки ба мушкилоти пайдошуда саривакт вокуниш нишон дода, таъминоти устувори об ба заминхои кишоварзии хар се кишвар таъмин намуда шавад.
Пас аз анчоми мулокот, иштирокчиен ба обанбори “Бахри Точик” ташриф оварданд ва бо кори истгохи насосии “Сомгор-1”, ки дар нохияи Бобочон Гафуров чойгир аст, шинос шуданд. Тибки маълумоти пешниходшуда, тавассути ин истгох зиёда аз 6 хазор гектар заминхои кишоварзи обёри намуда мешаванд.
АКСХО: Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон