Казокистон интиколи нафтро ба Венгрия тавассути Хорватия огоз намуд – ИА Караван Инфо
Казокистон интиколи нафтро ба Венгрия тавассути Хорватия огоз намуд

Остона, 5 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Казокистон бори аввал 85 хазор тонна нафтро тавассути бандари Хорватия Омишал ба Венгрия содир намуд, хабар дод ширкати “Казмунайгас”.

Интиколи нафт аз бандари Русия Новороссийск ба бандари Хорватия Омишалро танкери Алатау ширкати «Казмортрансфлот», корхонаи фаръии Казмунайгас (KMG) анчом дод. Сипас ашёи хом ба корхонаи коркарди нафт Сазхаломбатта дар Венгрия тавассути лулаи нафти Адриатика, ки аз чониби ширкати хорватии JANAF идора намуда мешавад, интикол дода мешавад.

Дар натичаи гуфтушунидхо дар Хорватия, KMG ва MOL Group-и Венгрия созишномаи чорчубаи интиколи ояндаи нафтро имзо намуданд. Ин ба Казокистон имкон медихад, ки содиротро ба кишвархои Иттиходи Аврупо васеъ кунад ва Венгрия воридотро диверсификатсия кунад. Остона ва Будапешт дар бораи созишнома оид ба тахвили озмоиши мохи феврали соли 2025 эълон намуданд. Хачми интиколи оянда хануз ошкор нашудааст.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: