МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп мулокоти намояндаи махсуси худ Стивен Уиткоффро бо Рахбари русия Владимир Путин баланд арзёби намуд.
Ба гуфтаи раиси Кохи Сафед, гуфтушунидхо “танхо самаранок” гузаштанд ва чонибхо тавонистанд ба “пешрафти назаррас” ноил шаванд.

Рахбари амрико инчунин кайд намуд, ки аз иттифокчиёни Аврупои огох аст: “ман аллакай ба шарикони калидии мо дар Аврупо хабар додам. Розигии комил вучуд дорад: низоъ бояд катъ намуда шавад. Дар рузхо ва хафтахои оянда мо талошхои дипломатии муштаракро таквият хохем дод.
Дар хотима, Трамп ба хамаи онхое, ки дар ин раванд иштирок мекунанд, ташаккур гуфт:
“Ташаккур барои таваччух ба ин кори мухими дипломати.”
Дар айни хол, Раиси Департаменти Давлати Марко Рубио дар бораи имкони мулокоти ояндаи Трамп бо Путин изхори назар намуд.
Вай изхор дошт, ки то музокироти шахси хануз “бисёр чизхо бояд гузаранд” ва дар муносибатхои байни ду кишвар динамикаи мусбатро кайд намуд.
Ба гуфтаи у, “мо хануз харакат нанамудаем”, аммо худи рузро у аз нуктаи назари муколамаи дучониба “хуб” тавсиф намудааст.
Стивен Уиткофф намояндаи махсуси ИМА барои муколамаи мустаким бо Русия дар пасманзари вазъияти шадиди байналмилали таъин намуда шуд.
Вашингтон кушиш мекунад, ки дар халли низоъ накши фаъолтарро бо рохи ташкили каналхои дипломатияи мустаким ва машварат бо иттифокчиёни Аврупои ба даст орад.
Аксхо: Getty Images