Душанбе, 07 август, АИ «Караван Инфо». Масъалаи воридшавии Чумхурии Точикистон ба Иттиходи Иктисодии Авруосиё (ИИАО) дар мархилаи тахлили амики байнисохави карор дорад. Дар ин бора Вазири рушди иктисод ва савдо Завки Завкизода дар нишасти матбуоти дар шахри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Вазир, гурухи кории байниидорави, ки намояндагони блоки иктисодии хукумат, Вазорати адлия, хадамоти Гумрук ва кумитаи Андозро дар бар мегирад, холо дурнамои узвияти Точикистонро дар ИИАО хамачониба барраси мекунад.
“Гурухи кори масъаларо бо назардошти вазъи иктисоди чахони, бад шудани вазъи геополитики ва дигар омилхои беруна тахлил мекунад. Инчунин тачрибаи кишвархои аз чихати сохтори иктисодиёт ба иштирокчиёни ИИА наздик омухта мешавад”, — кайд намуд Завкизода.
Мухлати анчоми кор ва нашри хулосаи нихои хануз эълон нашудааст. Ёдовар мешавем, ки бахс дар бораи максаднокии вуруди Точикистон ба ИИАО аз соли 2015 идома дорад. Дар ин муддат, макомоти чумхури борхо зарурати муносибати мутавозин ва прагматикиро, ки ба тахлили хам манфиатхои иктисоди ва хам хатархои эхтимоли асос ёфтааст, таъкид намуданд.
Каблан Вазири корхои хоричии Точикистон Сирочиддин Мухриддин изхор дошт, ки Душанбе тачрибаи дигар давлатхои ИИАО, аз чумла Киргизистон ва Арманистонро барои интихоби асоснок меомузад. Вай кайд намуд, ки на танхо арзёбии афзалиятхо, балки тахлили хамачонибаи манфии узвияти эхтимоли мухим аст.
Президенти Русия Владимир Путин борхо ахамияти таквияти хамкории Точикистонро бо давлатхои ИИАО таъкид намудааст. Москва шахри Душанберо шарики мухим дар Осиёи Маркази мешуморад ва ба рушди робитахои тичоративу иктисоди дар доираи фазои авруосиё манфиатдор аст.
Дар айни замон Точикистон дар мархилаи андеша ва арзёбии стратеги карор дорад. Масъалаи пайвастан ба ИИАО на танхо интихоби иктисоди, балки интихоби геополитики мебошад, ки бояд манфиатхои милли, устувории бозори дохили, иктидори хамгирои ва инчунин мушкилоти иктисодии хоричиро ба назар гирад.
Карори нихои дар асоси хулосахои гурухи байниидорави кабул намуда мешавад, ки бо таваччух ба мувозинат ва афзалиятхои дарозмуддати кишвар кор мекунад.
АКС: нишасти Матбуотии Вазорати Рушди Иктисодии ЧТ