Душанбе, 07 август, АИ «Караван Инфо». Дар Кухи Поклонная санаи 6 август маросими ифтитохи бозихои IV харби-варзишии куввахои мусаллахи давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) баргузор шуд.

Ин мусобика ба 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани бахшида шуда, рамзи мухими хотира, кувват ва дустии байни халкхои фазои пасошурави гардид.
Имсол дар бозихо зиёда аз 200 варзишгар аз Точикистон, Беларус, Казокистон, Узбекистон, Киргизистон ва Русия иштирок мекунанд. Дастаи Мунтахаби Точикистон низ дар мусобикахо намояндаги намуда, сатхи баланди омодагии харби – амали будани чанговаронашро тасдик намудааст.
Барномаи бозихо панч намуди асосии мусобикаро дар бар мегирад:
- Мухорибаи Сегонагии афсарона
- Тир аз силохи табели ё штати
- Чанги дастачамъонаи артиш
- Самбо
- Варзиш бо гири
Мусобикахо дар асоси Клуби Марказии Варзишии Артиш (КМВА) гузаронида мешаванд, ки дар он иштирокчиён на танхо тобоварии чисмони, балки ирода, интизом ва рухияи дастаро низ нишон медиханд.
“Хаштод сол пеш ачдодони мо барои озоди ва истиклолият мубориза бурда, Ватани муштараки моро химоя менамуданд. Корнамоии онхо ифтихор ва масъулияти мост”, – кайд намуд полковник Андрей Зиков, сардори идораи омодагии чисмони ва варзиши Куввахои Мусаллахи Федератсияи Русия дар суханронии истикболи худ.
Бозихои харби – варзишии ИДМ на танхо хамчун мусобика, балки хамчун платформа барои тахкими хамкори, тарбияи ватандусти ва нигох доштани бародарии чанги байни артишхои кишвархои иштирокчи гузаронида мешаванд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода