МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Берлин омода аст, ки фонди сармоягузории 100 миллиард евроро барои мустахкам намудани кобилияти мудофиавии кишвар ва таъмини он бо захирахои асосии энергетики огоз кунад. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба вазорати иктисоди Олмон хабар медихад.
Фонд бо номи кории “Фонди Олмон” дар хамкори бо сармоягузорони хусуси аз Олмон ва дигар кишвархои Аврупо таъсис дода мешавад.

Тавре, ки дар идора таъкид шудааст, хадаф хавасмандгардонии рушди иктисоди, дастгирии навовари ва ракобатпазирии кишвар мебошад.
“Сармояи хусуси омили асосии рафъи мушкилоти бузурги иктисоди аст” гуфта мешавад дар изхороти вазорат.
Аз маблаги умумии 10 миллиард евро давлат чудо мекунад, бокимонда аз сармоягузорони хусуси чалб намуда мешавад. Аммо манбаи ин маблагхои бучети то хол барраси мешавад гуфтушунидхо байни вазорати молия ва бонки давлатии KfW идома доранд.
Тафсилот дар бораи сохтори фонд, принсипхои сармоягузори ва мухлатхо хануз ошкор намуда нашудаанд. Тибки иттилои манбаи Bloomberg, огози бунёд дар мохи сентябр ё октябри соли 2025 интизор меравад.
Акидаи таъсиси фонди бузурги сармоягузори дар заминаи мушкилоти геополитики ва иктисодии Олмон ба миён омад.
Дар шароити афзоиши харочоти мудофиа ва гузариш ба моделхои нави энергетики, макомоти кишвар барои маблаггузории рушди устувор фишангхои иловаги мечуянд.
Ин дуввумин фонди бузург пас аз ташаббуси шабех дар соли 2022 аст, вакте ки Олмон дар пасманзари низоъ дар Украина бучаи махсуси мудофиаро таъсис дод.
Аксхо: Global Look Press