МОСКВА, 07 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ичрокунандаи вазифаи президенти Мянма Мин Шве дар синни 74-солаги вафот намуд. Дар ин бора имруз, 7 август хабаргузории Associated Press хабар дод.

Вай дар беморхонаи Харбии Пойтахти Нейпидо вафот намуд. Зиёда аз як сол пеш, сиёсатмадор аз сабаби бемории Паркинсон ва мушкилоти марбут ба идоракунии кишвар даст кашид.
Аз 18 июли соли 2024 вазифаи Сарвари давлатро муваккатан Сарвазир ва фармондехи олии куввахои Мусаллах Мин Аун Хлайн ичро менамуд. Тибки пешгуихо, холо у масъулияти пурраи ваколатхои президентиро ба душ мегирад.
Мин Шве пас аз табаддулоти низоми, ки дар Мянма рух дод, 1 феврали соли 2021 вазифаи ичрокунандаи президентро ишгол намуд.
Он вакт низомиён вазъияти фавкулодда эълон намуданд, президент Вин Мин ва рахбари хизби хокими “лигаи Миллии демократия” Аун Сан Су Чжиро дастгир намуданд. Макомот онхоро дар такаллуби интихоботи 8 ноябри соли 2020 айбдор намуданд.
МАЪЛУМОТ: Мин Шве дар давраи бухрони низоми дар Мянма шахси калиди гардид. Таъйини у тагйири хокимиятро пас аз давраи тулонии хукмронии шахрванди нишон дод, ки боиси махкум шудани байналмилали ва эътирозхои дохили гардид.
Аксхо: Global Look Press