Душанбе, 08 август, АИ «Караван инфо». Рохбарияти палатаи Савдои саноатии Чумхурии Точикистон 7 август бо Хайати Ассотсиатсияи саноат ва савдои корпуси Истехсоли – сохтмонии нохияи Мухтори Синзян-Уйгур (СУАР) – и Чумхурии Мардумии Чин мулокоти кори доир намуд. Хайатро муовини аввали раиси кумитаи Ичроияи Ассотсиатсия Лю Сзюнго рохбари намуд.

Дар чараёни мулокот чонибхо дурнамои рушди хамкорихои сохибкорони ду кишварро барраси намуданд. Ба рушди хамкори дар сохахои саноати сабук, кишоварзи, технологияхои нав ва савдои дучониба диккати махсус дода шуд. Инчунин масъалахои ташкили форумхо ва намоишгоххои муштарак, ки ба тахкими робитахои кори ва табодули тачриба равона шудаанд, барраси намуда шуданд.
Дар натичаи гуфтушунидхо байни палатаи Савдо ва саноати Точикистон ва Ассотсиатсияи саноат ва савдои СУАР Ёддошти тафохум дар бораи хамдигарфахми ба имзо расид. Хуччат ташкили платформаро барои муколамаи мунтазам, лоихахои муштарак ва мубодилаи иттилоот бо максади амик намудани хамкори пешбини мекунад.

Нимаи дуюми руз хайат бо намояндагони Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Вазорати рушди иктисод ва савдо, инчунин ширкати “Агротехсервис” мулокот намуд. Дар чараёни ин вохурихо имкониятхои татбики амалии лоихахои муштарак дар бахши аграри ва рушди карорхои инноватсиони мухокима намуда шуданд.
Аксхо: палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Точикистон
