Точикистон ва Казокистон шарикии иктисодиро таквият медиханд: Остона ва Душанбе уфукхои нави хамкориро мекушоянд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Казокистон шарикии иктисодиро таквият медиханд: Остона ва Душанбе уфукхои нави хамкориро мекушоянд

Душанбе, 09 август, АИ «Караван Инфо». Хамкории иктисодии Точикистону Казокистон ба сатхи нав мебарояд. Дар ин руз дар Пойтахти Казокистон чаласаи 19-уми Комиссияи Байнихукумати (КБХ) оид ба хамкории иктисоди баргузор гардид.

Тахти рохбарии Муовини Якуми сарвазири Чумхурии Точикистон Хоким Холикзода ва муовини Якуми Сарвазири Чумхурии Казокистон Роман Скляр хайатхои ду кишвар доираи васеи масъалахои хамкории дучонибаро барраси намуданд.

Рузномаи мачлис сохахои асосиро фаро гирифт:

  •  иктисод ва савдо;
  •  саноат, сармоягузори ва бонкдори;
  •  наклиёт ва логистика;
  •  захирахои об ва энергетика;
  •  хамкории кишоварзи ва гумруки;
  • маориф, илм ва фарханг;
  • тандурусти, туризм, корхои чавонон ва варзиш;
  •  мухочират, шугли ахоли, экология ва хифзи мухити зист.

Чонибхо омодагии худро барои густариши робитахои мустакими тичоративу иктисоди, дастгирии фаъолонаи сохибкорон, таъсиси корхонахои муштараки саноати, ракамикунонии иктисодиёт ва ташаккули платформахои муосири сармоягузори таъкид намуданд.

Барои татбики амалии созишномахои бадастомада хамраисони комиссия ба рохбарони сохторхои профилии давлатии харду кишвар супоришхои мушаххас доданд.

Соли 2024 гардиши мол байни Точикистон ва Казокистон 1,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 12,6% зиёд аст.

Казокистон пайваста ба сегонаи шарикони бузурги тичоратии Точикистон дохил мешавад.

Хачми сармоягузори аз Казокистон ба Точикистон дар соли 2024 ба 217,1 миллион доллар расид, ки 2,5 фоиз афзуд; сармоягузории мустаким кариб 30 фоиз афзуд.

Дар натичаи чаласа протокол ба имзо расид, ки созишномахоро мустахкам мекунад ва афзалиятхои хамкориро барои солхои оянда муайян мекунад.

Дар майдонхои чаласаи КБХ мулокоти алохидаи Раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идоракунии амволи давлатии Точикистон Султон Рахимзод бо муовини Вазири корхои хоричии Казокистон Алибек Куантиров баргузор гардид.

Чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои хамкории сармоягузори, аз чумла татбики лоихахои муштарак дар бахшхои афзалиятноки иктисодиет — саноат, энергетика, наклиёт ва комплекси агросаноатиро барраси намуданд.

Ба такмили фазои сармоягузори, тахкими заминаи хукукии хамкори ва густариши робитахои мустаким байни доирахои тичоратии ду кишвар диккати махсус дода шуд.

Султон Рахимзода чониби казокистонро даъват намуд, ки дар форуми Байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2025”, ки санаи 14-16 октябр дар Пойтахти Точикистон баргузор мешавад, фаъолона иштирок намояд. Форум майдони байналмилали барои муаррифии иктидори иктисодии кишвар, чустучуи шарикон ва мухокимаи лоихахои ояндадор хохад буд.

Алибек Куантиров омодагии Казокистонро барои иштирок дар форум тасдик намуд ва таъкид намуд, ки чунин чорабинихо барои густариши робитахои тичоратию иктисоди ва рушди ташаббусхои муштарак имкониятхои нав фарохам меоранд.

Чадвали серодами мулокотхои дучониба санаи 8 августи соли 2025 манфиати Мутакобилаи Точикистону Казокистонро дар тахкими муколамаи иктисоди, густариши сохахои хамкори ва ташкили механизмхои дарозмуддати шарики нишон дод.

АКСХО: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон

error: