Душанбе, 09 август, АИ «Караван Инфо». Дар шахри Душанбе санаи 6 август байни Сардори идораи Шартномави – хукукии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон Баходур Шарифи ва директори департаменти Хукукии Вазорати корхои хоричии Федератсияи Руссия Максим Мусихин машваратхо баргузор шуданд.

Музокирот ба масъалахои хамкории ду кишвар дар майдончахои Созмони Милали Муттахид ва дигар сохторхои байналмилали бахшида шуда буд.
Чонибхо доираи васеи масъалахои рузномаи байналмилалиро барраси намуда, ба чанбахое, ки барои Точикистону Русия таваччухи мутакобила доранд, таваччухи хоса зохир намуданд. Самтхои марбут ба тахкими хамохангсозии амалхо дар доираи СММ, таъмини химояи хукукии манфиатхои милли ва пешбурди муносибатхои умуми ба масъалахои байналмилали алохида барраси намуда шуданд.
Машваратхо ба таври пурмазмун ва фазои дустона гузаронида шуданд, ки ба табодули ошкоро ва тахияи мавкеъхои ягона дар як катор мавзуъхои афзалиятнок мусоидат намуданд.
Намояндагони ду кишвар кайд намуданд, ки тахкими минбаъдаи хамохангсози дар майдончахои байналмилали имкон медихад, ки принсипхои сохибихтиери, баробархукукии давлатхо ва тартиботи хукукии байналмилали, ки дар Оинномаи СММ мукаррар шудаанд, самараноктар химоя намуда шаванд.
Хамкории Точикистону Русия дар сохахои хукуки ва дипломати унсури мухими шарикии стратегии онхо боки монда, имкон медихад, ки ба чолишхои чахони муосир пайваста вокуниш нишон дода, манфиатхои муштарак дар арсаи чахони пеш бурда шаванд.
АКСХО аз манбаъхои кушода