Собик раиси фурудгохи Байналмилалии шахри Душанбе дар дуздии такрибан 100 миллион доллар гумонбар дониста мешавад – ИА Караван Инфо
Собик раиси фурудгохи Байналмилалии шахри Душанбе дар дуздии такрибан 100 миллион доллар гумонбар дониста мешавад

Душанбе, 09 август, АИ «Караван Инфо». Раиси собики фурудгохи Байналмилалии шахри Душанбе Исматулло Абдуллозода ва чанд зердасти собики у дар дуздии 1,245 миллиард сомони тавассути ширкатхои якруза гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора раиси агентии Зиддикоррупсионии Чумхурии Точикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии санаи 8 август хабар дод.

Исматулло Абдуллозода дар тасарруфи 961 миллион сомони (такрибан 100 миллион доллари ИМА) гумонбар дониста мешавад ва холо дар хабс аст.

Дар ин маврид нисбати 22 нафар, аз чумла Абдуллозода, муовини у Аслиддин Маликов, сардори хадамоти таъминот ва хизматрасонии фурудгох Мухриддин Давлатов, мудири анбор (номи у ошкор намуда намешавад), сармухосиб ва хазинадори фурудгох Чураев парвандаи чинояти огоз намуда шудааст.

Мувофики маълумоти агентии Зиддикоррупсиони, парванда бо моддаи 245 кисми 4 банди «б» (таъйин ё исрофкори дар андозаи махсусан калон) ва моддаи 340 кисми 2 банди «а», «б» (такаллуби дубораи хуччатхо бо мувофикаи пешакии гурухи шахсон) огоз намуда шудааст. Дар моддаи аввал чавобгари дар шакли чарима ё махрум сохтан аз озоди то шаш сол, дар моддаи дуюм аз панч то хафт соли махрум сохтан аз озоди пешбини шудааст.

Тибки маълумоти тафтишот, шахсони зикршуда бо ёрии ширкатхои якруза маблагхои фурудгохро бо никоби хариди мол ва мавод ба маблаги 1,245 миллиард сомони бароварда, аз худ намудаанд.

Санчиши молияви фаъолияти фурудгохро дар чор соли охир — аз соли 2022 то 2025 фаро гирифт.

Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, то имруз ба бучети давлати 281 миллион сомони маблагхои додашуда баргардонида шуда, тадбирхои баргардонидани маблаги бокимонда идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали мохи майи соли 2025 Президенти Точикистон Эмомали Рахмон Исматулло Абдуллозода ва муовинони уро вобаста ба тафтиши молияви ва ошкор намудани конуншиканихои чидди аз вазифахояшон озод намуд.

Зайнулло Шарифзода, ки каблан директори Агентии хариди давлати ва директори корхонаи “Сементи Точик” буд, раиси нави фурудгохи Байналмилалии Душанбе таъин шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар сохаи авиатсияи Точикистон, аз чумла шахри Душанбе дар солхои охир борхо ходисахои дузди ва фасод ошкор гардидаанд. Дар тули солхои истиклолият рохбарони зиёде иваз шуданд, ки аксари онхо барои камбудихои кори аз вазифахояшон барканор намуда шуданд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: