МОСКВА, 09 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Аз санаи 1 сентябр дар Русия коидахои муоинаи тиббии кудакон тагйир меёбад: акнун санчиши саломатии репродуктиви аз шашсолаги огоз меёбад, на аз 14-солаги, тавре, ки пештар буд. Дар ин бора узви кумитаи Думаи Давлати оид ба хифзи саломати, номзади илмхои тибби Вероника Власова хабар дод.

Тибки меъёрхои нав, аз синни 13-солаги чунин ташхисхо хар сол гузаронида мешаванд. Власова шарх дод, ки ин тадбир бо афзоиши шумораи наврасоне, ки бо вайроншавии функсияи репродуктиви ру ба ру мешаванд, алокаманд аст. Сабабхо, гуфт у, гуногунанд – аз экологияи бад ва гизои номутаносиб то стресс ва изофабор.
“Ошкор кардани барвакти ихтилофоти эхтимоли на танхо масъалаи саломати, балки вазифаи стратегии давлат аст, ки ба устувории демографи равона шудааст”, — таъкид кард парламентарий.
У кайд намуд, ки дар баъзе кудакон нишонахои халалдоршавиро хануз дар синни томактаби мушохида кардан мумкин аст. Аммо агар муоина танхо дар синни 14-солаги гузаронида шавад, вакт барои пешгири ё табобати муассир аксар вакт аз даст дода мешавад.
Вакил тавзех дод, ки сухан на дар бораи дахолат ба сохаи шахси, балки дар бораи ташкили системаи пешгири меравад, ки имкон медихад хатархоро барвакт муайян кунад, вазъи саломатиро назорат кунад ва потенсиали репродуктивии наслхои ояндаро нигох дорад.
Мавзуи солимии репродуктивии кудакон дар Русия кайхо боз барраси мешавад. Духтурон ва коршиносон кайд мекунанд, ки шумораи наврасони гирифтори беморихои ошкоршуда меафзояд ва синни каблии огози ташхис имкон намедихад, ки мушкилот сари вакт ташхис карда шаванд. Тадбири нав як кисми кадамхои васеътар барои бехтар кардани вазъи демографии кишвар мебошад.
Аксхо: Хадамоти матбуоти маъмурияти вилояти Кострома