Москва ба “Рузи Хиндустон” омодаги мегирад – ИА Караван Инфо
Москва ба "Рузи Хиндустон" омодаги мегирад

МОСКВА, 09 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Аз санаи 14 то 17 август боги “Чазираи орзухо” дар Москва ба фазои Хиндустон гарк мешавад. Фестивали харсолаи “Рузи Хиндустон” имсол ба хифзи мероси хиндустон дар Русия ва 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани бахшида мешавад.

Чорабинии мазкур бо дастгирии хукумати Москва баргузор мешавад.

Мехмононро 25 минтакаи мавзуъи ва кариб 400 барномаи ракси дар сахнаи асоси интизор аст, ки дар онхо хунармандони 81 минтакаи кишвар баромад мекунанд.

Санаи 17 август намоиши либоспушии “Иди Хиндустон-Ранг, Фарханг ва Дусти” баргузор мешавад ва мухлисони чашни Холи метавонанд дубора ба хамдигар рангхои дурахшон рехта, аз намоиши барабандагон лаззат баранд.

Дар минтакаи истирохат, зиёда аз 200 устод семинархо оид ба йога ва аюрведа, дарсхои пухтупаз ва дарсхои рассомии мандалро баргузор мекунанд.

Хамсарон метавонанд дар маросими анъанавии арусии хиндустон ширкат варзанд ва дустдорони таомхои шарки дар 40 минтакаи тарабхона, аз чумла мангохои тару тоза аз Хиндустон хурок мехуранд.

Ярмарка зиёда аз 150 иштирокчиро бо ханут, матоъ, чавохирот ва косметика чамъ меорад. Мехмононро намоиши филмхо дар кинотеатри сферики, маросимхои чой, йога дар гамакхо, машваратхои ситорашиносон ва расми мехенди барои хушбахти интизор аст.

Диккати махсусро “Рахпаймоии рангини ароба” чалб мекунад, ки дар он тоннахо мева таксим карда мешавад, инчунин минтакаи Нави Маха Кумбха Мела бо хикояи яке аз бузургтарин чашнхои динии Хиндустон.

Бори аввал маросими чоизасупори дар дах номинатсия аз пешбурди йога ва аюрведа то рушди робитахои фарханги ва кинематографии Хиндустон ва Русия баргузор мешавад.

“Рузи Хиндустон” аз соли 2014 дар Москва баргузор мешавад ва бузургтарин майдончаи Русия барои шиносои бо фарханги ин кишвар гардид.

Аксхо: РИА Ахбор

error: