Дар Бустон Эко – Алифбои пешниход намуда шуд: чи гуна бози ба кудакон хифзи табиатро меомузонад – ИА Караван Инфо
Дар Бустон Эко - Алифбои пешниход намуда шуд: чи гуна бози ба кудакон хифзи табиатро меомузонад

Душанбе, 12 август, – АИ «Караван инфо». Рузхои истирохати гузашта дар Бустон Эко-Алифбо дастури беназири раками пешниход намуда шуд, ки дар он хар як харфи алифбо бо иншооти табии ё мафхуми экологи алокаманд аст. Мавод ба таври одди ва шавковар пешниход намуда мешавад, ки ба кудакон кумак мекунад, ки чаро хифзи табиат мухим аст ва нишон медихад, ки хатто кадамхои хурди хама метавонанд чахонро ба самти бехтар тагйир диханд.

Лоиха аз чониби ташкилоти чамъиятии “Дахр” таъсис дода шудааст, ки саводнокии экологи, раками ва хукукиро рушд медихад ва инчунин кудакон, занон ва маъюбонро дастгири мекунад. Эко-Алифбо кисми барномаи “мактаби Сабз” гардид, ки аввалин ташаббусест, ки дар Точикистон ва тамоми Осиёи Маркази аз синни хурдсоли фарханги экологиро ташаккул медихад.

Дар тули ду сол, даста бо кудакон мулокот менамуд, бозихо, тренингхо мегузаронд, гояхои онхоро гуш менамуд ва онхоро ба мавод дохил менамуд. Дар мархилаи озмоишии лоиха аллакай зиёда аз 600 кудак иштирок намуданд. То хол танхо версияи озмоиши пешниход шудааст ва варианти пурраи Алифбои Экологи пас аз се мох дар як вакт бо чор забон бароварда мешавад.

Эко-Алифбо на танхо дар доираи “мактаби Сабз” истифода мешаванд, балки барои татбик дар кудакистонхо ва мактабхои саросари кишвар ба накша гирифта шудаанд. Хусусияти лоиха дар он аст, ки он пурра бо хавасмандии фаъолони экологи, бидуни грантхо ва маблаггузории беруна амали намуда мешавад.

Эчодкунандагони Эко-Алифбо мутмаинанд: эхтиёткор будан ба табиат одатест, ки бояд аз солхои аввали худ ташаккул ёбад. Тавассути бози, интерактив ва эчодкори онхо мехоханд, ки хар як насли нав бо дарки накши худ дар хифзи сайёра рушд кунад.

Аксхо: Осиё Плюс

error: