Душанбе, 13 август, АИ «Караван Инфо». Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон ва Шабакаи Зиддитеррористии Осиёи Марказии Британияи кабир Ёддошти хамкори имзо намуданд. Хуччат дар чараёни мулокоти Прокурори Генералии Точикистон Хабибулло Вохидзода бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли дар Чумхурии Точикистон Кэтрин Смитсон ба имзо расид.

Дар музокирот чонибхо масъалахои асосии тахкими хамкории дучонибаро дар муковимат ба чиноятхои фаромилли, аз чумла:
- терроризми байналмилали,
- ифротгароии дини ва сиёси,
- шаклхои дигари чинояткории муташаккил, ки ба амнияти милли ва суботи минтака тахдид мекунанд.
Ба акидаи тарафхо, Ёддошт заминаи хукуки ва ташкилиро барои табодули тачриба, гузаронидани чорабинихои муштарак, хамохангсозии амалхои макомоти хифзи хукук, инчунин таквияти корхои тахлили ва пешгирикунанда дар сохаи амният фарохам меорад.
Точикистон, ки дар Минтакаи мухими Стратегии Осиёи Маркази чойгир аст, бо мушкилоти марбут ба терроризм ва экстремизми байналмилали ру ба ру мешавад. Хамкори бо шарикони хоричи, аз чумла Британияи Кабир, хамчун яке аз воситахои асосии баланд бардоштани самаранокии системаи амнияти милли ва хифзи манфиатхои кишвар арзёби мешавад.
АКСХО: НИАТ”Ховар”