Душанбе, 13 август, АИ «Караван Инфо». Мутахассисони Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии академияи миллии илмхои Точикистон вазъи радиатсиониро дар дараи Уреч (Панчакент) ва як катор чойхои маъмули сайёхии Куххои Фон мониторинги сайёр гузарониданд.

Аз санаи 7 то 9 август олимон пойгоххои кухнаварди ва сайёхии Артуч, Кули Чукурак, Кули Калон, инчунин ёдгории таърихии Макбараи Абуабдулло Рудакиро тафтиш намуданд. Барои арзёбии заминаи радиатсиони асбобхои муосири ченкуни, инчунин усулхои интихоби об ва хок барои тахлили лаборатори барои мавчудияти радионуклидхо истифода шуданд.
Маълумоти чамъоваришуда дар лабораторияи нави харитасозии Радиатсионии Агенти коркард намуда мешавад. Дар асоси онхо мутахассисон харитахои муфассали холати радиатсионии чойхои тадкикшударо омода мекунанд.
Дар доираи кори – накшавии идора мониторинги шабех дар дигар минтакахои кишвар низ ба накша гирифта шудааст, то харитаи пурраи радиатсионии Точикистон ва таъмини амнияти экологии минтакахои сайёхи таъсис дода шавад.
АКСХО: академияи миллии илмхои Точикистон