Душанбе, 13 август, АИ «Караван Инфо». Дар полигони омузишии “Фахробод” – и Вазорати мудофиаи Точикистон дар гарнизони Хатлон машкхои дучонибаи зиддитеррористии “Дусти-2025” бо иштироки такрибан 100 хизматчии харбии чузъу томхои Махсуси Куввахои Мусаллахи Точикистону Покистон баргузор гардид.

Ин манёврхои васеъмикёс барои такмили малакахои мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин тахкими хамкори байни кишвархои дустона майдони мухим гардиданд. Машкхо амалиёти гуруххои таъиноти махсус, чузъу томхои десантиву хамла ва заминро дар бар мегирифтанд, ки истифодаи силох ва аслихаи муосирро нишон медоданд.
Хукумати Чумхурии Точикистон ва Вазорати мудофиа дар полигон барои гузаронидани машкхои олии харбии минтакави ва байналмилали тамоми шароити заруриро фарохам оварданд, ки “Фахробод” – ро маркази мухими омодасозии кушунхои мобили мегардонад.
“Дусти-2025” имкон дод, ки хамкории чузъу томхо дар шароити минтакаи кухи ва дар иншоотхои инфрасохтор, баланд бардоштани тобоварии чисмони, устувории психологи ва маънавии хизматчиёни харби, инчунин табодули тачриба ва хамохангсозии амалхо байни чузъу томхои махсуси ду кишвар амали намуда шавад.
Зимни чамъбасти чорабини таъкид гардид, ки хамкори дар сохаи мубориза бо терроризму экстремизм, дастгирии сулху субот афзалияти сиёсати хоричии Точикистон ва ташаббуси шахсии Президент Эмомали Рахмон мебошад.
Дар чахони муосир, ки тахдидхои терроризми байналмилали, гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти амнияти афзоиш меёбанд, гузаронидани чунин машкхои муштарак ахамияти махсус ва саривакти пайдо мекунад.
Дар натичаи машкхо ба иштирокчиёни фаъол медалхо, ифтихорномахо ва тухфахои хотирави ба ифтихори касбияти онхо ва сахми онхо дар тахкими амнияти минтакави супорида шуданд.
АКСХО: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон