Остона, 13 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Остона Конфронси дуюми гурухи кори оид ба хамкори дар сохаи авиатсияи шахрванди дар формати Осиёи Маркази – Чин (C5+1) баргузор шуд. Дар чорабини рохбарони идорахои авиатсионии Казокистон, Киргизистон, Точикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин, инчунин намояндагони авиатсияи шахрванди ва хадамоти аэронавигатсиони иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати наклиёти ЧК Салтанат Томпиева афзоиши назарраси сохаи авиатсияро дар Казокистон кайд намуд. Дар соли 2024 фурудгоххои кишвар ба 29,7 миллион мусофир хидмат расониданд, ки нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд аст. Инчунин 36 хатсайри нави хавопаймои кушода шуд ва 7 ширкати нави хавопаймоии хоричи ба бозор баромаданд.
Ба гуфтаи Томпиева, конфронс ба тахкими хамкорихои байни Кишвархои Осиёи Маркази ва Чин кумак хохад намуд. Санаи 14 август музокироти дучониба бо макомоти авиатсионии Чин ва Узбекистон барои васеъ намудани алокаи хавои ва чугрофияи парвозхо ба накша гирифта шудааст.
Раиси макомоти авиатсионии Чин Бай Венли хабар дод, ки Чин ба хамаи панч пойтахти Осиёи Маркази парвозхои мустаким анчом медихад ва шумораи парвозхои мунтазами мусофирбари дар як хафта то 151 нафар афзоиш ёфтааст, ки ин нисбат ба соли 2024 кариб ду баробар зиёд аст. Ширкати China Southern Airlines бо «Эйр Астана» ва “Убекистон хаво йуллари” созишномахои код-шерингро имзо намуд, ки ба васеъ намудани шабакахои минтакавии хатсайрхо мусоидат мекунад.
Раиси Идораи наклиёти хавоии Вазорати наклиёти Узбекистон Чамолиддин Назаров хамчунин дар бораи накшахои мувофика дар бораи зиёд намудани басомади парвозхо байни пойтахтхо ва шахрхои бузурги Казокистон ва Узбекистон изхор дошт.
Дар байни иштирокчиёни асоси инчунин рохбарони макомоти авиатсионии Киргизистон ва Точикистон буданд. Дар доираи конфронс масъалахои бехатарии парвозхо, рушди хамгироии наклиёти – транзити, баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон, инчунин хамкори дар доираи конфронси Авруосиёи авиатсияи шахрванди (EACAC), ки бо ташаббуси Казокистон дар соли 2024 таъсис дода шудааст, барраси намуда шуданд.
Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК