Остона, 13 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазири захирахои об ва обёрии Казокистон Нурчон Нурчигитов бо директори генералии ширкати амрикоии Dynamic Aviation Майкл Столтсфус мулокот намуд, ки дар чараёни он чонибхо хамкории эхтимолиро дар сохаи пешгуи ва муковимат ба обхезихо барраси намуданд.

Таваччухи асоси ба чори намудани технологияхои аксбардории хавои барои чен намудани гафсии кабати барф ва пешгуии обшавии он равона намуда шуд. Ин тахияхои пешрафта метавонанд илова ба системаи иттилоотии Пешгуи ва модели обхезии дар Казокистон мавчудбуда бошанд, ки дар аввали соли 2025 огоз ёфтааст.
Дар натичаи мулокот чонибхо ба мувофика расиданд, ки мухокимаи муфассали хамкории имконпазирро бо иштироки мутахассисони Казгидромет ва Вазорати рушди раками, инноватсия ва саноати аэрокосмосии ЧК идома диханд.
Вазири Нурчигитов таъкид намуд, ки Казокистон пайваста роххои такмили системаи пешгуии обхезиро, аз чумла тавассути чори намудани тахияхои пешрафтаи чахони мечуяд.
Аксхо: Минводхо ва обёрии ЧК