МОСКВА, 14 августи соли 2025 – АИ «Караван инфо». Палеонтологхои австралияги аз Museums Victoria ба чахон навъи нави кити кадим — Janjucetus dullardi-ро муаррифи намуданд. Ин хайвон такрибан 25 миллион сол пеш дар укёнусхо зиндаги мекард ва ба оилаи нобудшудаи маммалодонтидхо тааллук дошт.

Мувофики тавсифи олимон, дарозии кит каме бештар аз ду метр буд. Он чашмони калон ва дандонхои тез дошт, ки онро даррандаи хатарнок мегардонд.
“Ин нахангест, ки каблан ба илм номаълум буд”, кайд намуд шуъбаи палеонтологияи сутунмухрахои осорхона.
Номи ин намуд ба шарафи Росс Дуллард, як сокини махалли, ки тасодуфан бокимондахои сангшударо дар сохили Ян – Джук пайдо намуда, ба осорхона додааст, гирифта шудааст.
Ба гуфтаи олимони осорхона, агар ин китхо то ба имруз зинда мемонданд, онхо метавонистанд ба Мисли Кенгуру “Корти Визити” – и Австралия шаванд.
Олимон бовари доранд, ки холати устухонхои ёфтшуда ба фахмидани он ки чи гуна ширхурони бахрии кадим дар гузаштаи дур ба обхои гармтар мутобик шудаанд, кумак мекунад.
Ин маълумот, мутмаин аст, ки мухаккикон метавонанд дар бораи он, ки экосистемахои муосири бахри ба гармшавии глобали чи гуна вокуниш нишон медиханд, маълумот диханд.
Бояд кайд намуд, ки Museums Victoria бузургтарин иттиходияи Осорхонаи Австралия мебошад, ки дар сохаи палеонтология фаъолона кор мекунад. Дар коллексияи он хазорхо намунахои сангшуда мавчуданд, ки ба омузиши эволютсияи наботот ва хайвоноти материк кумак мерасонанд.
Аксхо: Осорхонаи Виктория
