ВАО дар бораи пешниходи эхтимолии ИМА барои чалби сулхчуёни русияги ба Лубнон хабар доданд – ИА Караван Инфо
ВАО дар бораи пешниходи эхтимолии ИМА барои чалби сулхчуёни русияги ба Лубнон хабар доданд

МОСКВА, 14 августи соли 2025 – АИ «Караван инфо». Нашрияхои араби бо истинод ба манбаъхои худ менависанд, ки дар мулокоти дарпешистода дар Аляска президентхои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп метавонанд вазъиятро дар Чануби Лубнон барраси кунанд.

Тибки иттилои ВАО, ин ташаббус гуё аз чониби амрико сарчашма мегирад ва бо ивазшавии эхтимолии контингенти амалкунандаи СММ алокаманд аст.

Гуфта мешавад, ки Доналд Трамп каблан дар бораи тагйири рисолати сулхчуён дар минтака изхори назар намуда буд, аммо он вакт дар бораи иштироки русия сухан намерафт.

Коршиносон кайд мекунанд, ки агар маълумот тасдик шавад, ин метавонад як кадами гайриодди бошад — чалби нерухои русия ба амалиёт дар минтакае, ки хатари шиддат гирифтани он зиёд аст. Вазъият дар Лубнон дар пасманзари ихтилофоти сиёси ва тарси аз сар гирифтани низоъи мусаллахона ташаннучнок боки мемонад.

Дар айни хол, тахлилгарон кайд мекунанд, ки Русия дар минтака барои гузаронидани чунин миссия заминаи устувор надорад, алахусус бо назардошти вазъи ноустувор дар Сурияи хамсоя. Инчунин саволе боки мемонад, ки чунин ташаббус то чи андоза ба манфиатхои худи ФР чавобгу аст.

Бояд кайд намуд, ки Лубнони Чануби аз соли 1978 дар минтакаи масъулияти миссияи сулхофарии СММ (UNIFIL) карор дорад. Контингент барои дастгирии сулх дар сархади Лубнон ва Исроил ва мусоидат ба муътадилсозии вазъ дар минтака пешбини шудааст.

Аксхо: ТАСС

error: