МОСКВА, 18 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Хадамоти федеролии амнияти Русия дар бораи пешгирии хамлаи террористи дар пули Крим хабар дод.
Тибки маълумоти идора, мошини дорои дастгохи таркандаи худсохти дорои иктидори калон аз Украина оварда шуда, барои истифодаи “маргталабони нохоста” пешбини шуда буд.

“Мошин бо дастгохи тарканда сархади Русия ва Гурчистонро тавассути гузаргохи “Ларси Болои” убур намуд ва бояд бо автовоз тахти рохбарии ронандаи хусуси ба Краснодарск мерафт”, – гуфта мешавад дар хабарномаи ХФА.
Сипас, карор буд, ки мошинро ба ронандаи дигар, ки бояд онро аз пули Крим мегузаронд, супоранд. Тибки иттилои хадамоти махсус, ин шахс набояд аз гузоштани дастгохи тарканда огох бошад.
“Кормандони ХФА тавонистанд маводи таркандаи бодиккат дар мошини “Шевроле Волт” пинхоншударо сари вакт ошкор ва безарар гардонанд ва инчунин хамаи шахсони дар интиколи он ба Каламрави Русия дастдоштаро боздошт кунанд”, — таъкид намуданд дар идора.
МАЪЛУМОТ: пули Крим, ки нимчазираи Кримро бо Краснодарск мепайвандад, иншооти стратегии инфрасохтори наклиётии Русия мебошад.
Пештар макомоти ФР дар бораи якчанд кушиши хамлахои террористи ва диверсияхо дар пул изхор доштанд. Хадамоти махсуси Русия чорахои бехатариро тавассути назорати харакати мошинхо ва борхо тавассути артерияхои асосии наклиёти таквият медиханд.
Аксхо: ТАСС