Дар Исфара Фестивали саводнокии молияви дар доираи стратегияи миллии Точикистон баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Исфара Фестивали саводнокии молияви дар доираи стратегияи миллии Точикистон баргузор гардид

Душанбе, 18 август, АИ «Караван Инфо». Дар шахри Исфара Фестивали саводнокии молияви баргузор шуд, ки бо дастгирии бонки Миллии Точикистон дар якчояги бо ташкилотхои молияви ва сугуртави, инчунин шарикони рушд ташкил намуда шуд. Чорабини дар доираи татбики “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Чумхурии Точикистон барои солхои 2022-2026” баргузор гардид.

Дар маросими ифтитох муовини раиси Бонки Миллии Точикистон Далер Муродализода ва рохбарияти шахри Исфара хадафхои стратегия, ахамияти он ва зарурати баланд бардоштани саводнокии молиявии ахолиро барои рушди устувори иктисодиёти кишвар барраси намуданд.

Кайд намуда шуд, ки бо максади ичрои вазифахои гузошташуда бонки Милли дар якчояги бо вазоратхо, идорахо, ташкилотхои молияви ва сугуртави мунтазам чунин фестивалхоро дар саросари кишвар баргузор мекунад.

Чорабинихо барои ахолии гуногун, аз чумла хонандагони мактабхои миёна, коллечхо ва донишгоххо, кормандони ташкилотхои давлати ва хусуси, занон ва мухочирон гузаронида мешаванд. Максади асоси баланд бардоштани сатхи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасонихои молияви, васеъ намудани дастрасии онхо ба воситахои муосири молияви.

Фестивал аз се кисми асоси иборат буд:

Чаласаи таълими: мутахассисони бонки Милли, ташкилотхои молияви ва сугурта дар мавзуъхои “Манфиатхои пардохтхои гайринакди”, “Пешгирии каллобии молияви”, “Ахамияти пасандозхо”, “Накши ташкилотхои молияви Дар баланд бардоштани саводнокии молияви” ва “Мохият ва ахамияти сугуртаи амвол”мубохисахо гузарониданд. Дар чараени сессия озмуни саволу чавоб баргузор гардид, иштирокчиёни фаъол тухфахои хотирави гирифтанд.

Муаррифии махсулот ва хидматхо: дар майдони назди Касри фарханги шахри Исфара ташкилотхои молияви ва сугурта махсулот ва хидматхои худро ба мехмонон намоиш доданд.

Барномаи фарханги-фарогати: бо иштироки хунармандони маъруф ва ташкили озмунхо бо чоизахо дар асоси масъалахои саводнокии молияви, ки ин чорабиниро равшан ва хотирмон гардонид.

Ташкилкунандагон изхори бовари намуданд, ки чунин фестивалхо ба баланд бардоштани саводнокии молиявии ахоли мусоидат намуда, татбики хадафхои “Стратегияи Миллии фарогирии молиявии Чумхурии Точикистон барои солхои 2022-2026” – ро дастгири менамоянд.

АКСХО: Бонки Миллии Точикистон

error: