Ван И: Чин ва Хиндустон бояд шарикиро дар якдигар бубинанд, на ракибонро – ИА Караван Инфо
Ван И: Чин ва Хиндустон бояд шарикиро дар якдигар бубинанд, на ракибонро

МОСКВА, 19 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».     Вазири корхои хоричии Чин Ван И аз Пекин ва Дехлии Нав даъват намуд, ки якдигарро хамчун шарик бинанд, на тахдид.

Бо чунин изхорот у дар мулокот бо Вазири корхои хоричии Хиндустон Субраманям Чайшанкар, ки дар Дехлии Нав баргузор шуд, баромад намуд.

“Харду чониб бояд хамдигарфахмии дурусти стратегиро ташкил кунанд, дар якдигар имкониятро бинанд, на ракибро”, — таъкид намуд дипломати чини.

Ба гуфтаи У, Чин ва Хиндустон, ки бузургтарин кишвархои ру ба таракки бо ахолии беш аз 2,8 миллиард нафар мебошанд, кодиранд ба дигар давлатхои Чануби Чахони намуна бошанд ва инчунин ба пешбурди чахони бисёркутби ва муносибатхои одилонаи байналмилали мусоидат кунанд.

Ван И кайд намуд, ки калиди ояндаи муколамаи дучониба эчоди эътимод, бартараф намудани монеахо ва васеъ намудани сохахои хамкори мебошад. “Мо бояд ба хамдигар ру ба ру шавем ва тамоюли бехтар шудани муносибатхои чин ва хиндустонро таквият дихем” гуфт у.

Вазири чин бо сафари дуруза ба Хиндустон омад. Рузи сешанбе у бо сарвазир Нарендра Моди ва мушовири амнияти милли Аджит Довал гуфтушунид дорад.

Чин ва Хиндустон, сарфи назар аз робитахои зичи иктисоди, ихтилофхоро асосан аз сабаби бахсхои сархади дар Химолой нигох медоранд.

Солхои охир дар ин минтакахо бо иштироки низомиени харду кишвар ходисахо рух додаанд. Бо вучуди ин, харду пойтахт мунтазам талош мекунанд, ки муколамаро рушд диханд ва ташаннучро кохиш диханд.

 АКСХО: AP / Petros Giannakouris

error: