МОСКВА, 19 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар донишгохи федералии Арктикаи Шимоли технологияи коркарди лигнини гидролизи махсулоти иловагии коркарди чуб ба сузишвории баландэнергетики тахия намуда шуд. Маводи нав торрефикат ном гирифт.

Лигнин полимери табии мебошад, ки дар растанихо мавчуд аст ва дар истехсоли селлюлоза ба микдори зиёд боки мемонад. Он каблан танхо анбор намуда шуда буд, ки ба ифлосшавии хок оварда мерасонид. Акнун партовро ба захира табдил додан мумкин аст.
Ба гуфтаи нахустин проректори рушди стратеги ва илми САФУ Павел Маряндишев, олимон реактори махсусро барои кор бо ин ашёи хом мутобик намуданд.
“Мо харорати коркардро то 430 °C ба даст овардем ва намунахои хосилшуда хосиятхои аълои сузишвори нишон доданд” гуфт у. Торрефикат барои печхои домени мувофик аст ва онро дар сохаи металлургия истифода бурдан мумкин аст.
Ширкати “ГринАрТех” аллакай ба технология таваччух зохир намудааст. Дар оянда корхона омода аст истехсоли саноатии сузишвории навро огоз кунад.
Мухаккикони донишгох каблан бо сузишвории биологии торф машгул буданд, аммо кор бо лигнин аз сабаби зичии кам ва микдори зиёди хокистар ва сулфур халли дигарро талаб менамуд.
Ёдовар мешавем, ки лигнини гидролизи то 30% массаи хушки хезумро ташкил медихад. То хол он истифодаи амали пайдо нанамудааст ва хамчун партовхои мушкилот хисобида мешуд.
Тахияи САФУ имкон медихад, ки бори табиатро кохиш дихад ва хамзамон манбаи иловагии энергияро барои саноат ба даст орад.
Аксхо аз манбаъхои кушода