Вазорати Тандурустии Казокистон омодагии мактабхоро барои соли нави тахсил барраси намуд – ИА Караван Инфо
Вазорати Тандурустии Казокистон омодагии мактабхоро барои соли нави тахсил барраси намуд

Остона, 19 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Вазорати тандурусти бо муовинони хокимхои минтакахо, рохбарони идорахои тандурусти ва вохидхои худудии Кумитаи назорати санитари – эпидемиологи машварат баргузор гардид. Иштирокчиён омодагии мактабхоро барои огози соли нави тахсил мухокима намуданд.

Вазири тандурусти Ажар Алназарова зарурати таквияти назорати санитари-эпидемиологи дар мактабхо ва ташкили кумаки тибби ба хонандагонро таъкид намуд. Вай инчунин ахамияти халли масъалахои таъминоти кадри ва тачхизоти нуктахои тиббиро кайд намуд.

Дар натичаи муоинаи пешгирикунанда муайян намуда шуд, ки дар мактаббачагон бештар кариес ва анемия ба назар мерасад. Дар робита ба ин, вазир дастур дод, ки менюи мактаб тибки Стандарти нави гизо, ки аз 1 сентябри соли 2025 эътибор пайдо мекунад, тасдик намуда шавад. Илова бар ин, барои пешгирии беморихои дандонпизишки дар мактабхо хучрахои дандонпизишки мархила ба мархила кушода мешаванд.

Аксхо: Вазорати Тандурустии ЧК

error: