Душанбе, 19 август, АИ «Караван Инфо». Санахои 14-15 август дар Тошканд (Чумхурии Узбекистон) форуми Экспертии “Осиёи Маркази бо номи «Осиёи Маркази – фазои умумии эътимод, амният ва рушди устувор» баргузор гардид, ки дар он намояндагони марказхои пешрафтаи тахлилии минтака иштирок намуданд.

Аз Номи Точикистон дар кори форум директори Институти омузиши мушкилоти Давлатхои Осиё ва Аврупои академияи миллии илмхои Точикистон Рустам Хайдарзода суханрони намуд.
Дар гузориши худ у ба масъалахои рушди устувор дар Кишвархои Осиёи Маркази таваччухи муфассал зохир намуда, зарурати тахкими хамкорихои давлатхои минтакаро дар сохаи экология, энергетика, захирахои об ва амнияти минтакави таъкид намуд.
Илова бар ин, дар форум Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Узбекистон Абдучаббор Рахмонзода иштирок намуда, ахамияти муколамаи коршиносонро дар тахкими эътимод ва хамдигарфахми миени Кишвархои Осиёи Маркази кайд намуд.
Дар натичаи мулокот Иштирокчиёни форум омодагии худро барои идомаи табодули афкор ва тахкикоти муштарак ба манфиати минтакаи ояндаи устувор ва бехатар изхор намуданд.
АКСХО: академияи миллии илмхои Точикистон