Душанбе, 19 август, АИ «Караван Инфо». Бо ташаббус ва дастгирии Сафорати Чумхурии Точикистон дар ИМА ва шурои Тичоратии ИМА 18 август мулокоти виртуалии Раиси бонки Миллии Точикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони институти молиявии Амрико “ColumnBank” баргузор гардид.

Зимни гуфтушунидхо чонибхо кайд намуданд, ки дар тули зиёда аз 30 соли сохибистиклолии Давлатии Точикистон байни ду кишвар муносибатхои дусти ва шарики ба рох монда шудаанд. Дар робита ба ин, таъкид намуда шуд, ки барои татбики лоихахои муштараки сармоягузори дар бахшхои гуногуни иктисодиет потенсиали васеъ мавчуд аст.
Ба масъалахои ислохоти бонки дар Точикистон диккати махсус дода шуд. Раиси бонки Милли ба “ColumnBank” пешниход намуд, ки дар баркарор намудани муносибатхои корреспонденти бо бонкхои точикистон, аз чумла кушодани суратхисобхои мустакими корреспонденти мусоидат намояд. Таъкид гардид, ки барои ин дар мамлакат заминаи боэътимоди хукуки ва тамоми шароити зарури мухайё гардида, риояи катъии стандартхои байналмилалиро, аз чумла тавсияхои ФАТФ оид ба муковимат ба шустушуи маблагхо таъмин менамояд.
Дар натичаи мулокот чонибхо изхори бовари намуданд, ки созишномахои бадастомада ба тахкими робитахои молиявии байни низоми бонкии Точикистон ва ИМА, кушодани имкониятхои нави хамкори ва рушди шарикии байналмилали мусоидат хоханд намуд.
Барои маълумот: “ColumnBank” бонки миллии ИМА мебошад, ки барои тахиягарон, ки махсулоти молиявиро дар асоси нармафзор тахия ва идора мекунанд, таъсис дода шудааст. Он дорои платформаи технологии худ, системахои асосии бонки ва пайвасти мустаким ба захираи Федерали мебошад.
АКСХО: Бонки Миллии Точикистон