S & P Global Ratings рейтинги кредитии Точикистонро тасдик кард: пешгуи устувор аст – ИА Караван Инфо
S & P Global Ratings рейтинги кредитии Точикистонро тасдик кард: пешгуи устувор аст

Душанбе, 20 август, АИ «Караван Инфо».Агентии байналмилалии рейтингии S&P Global ratings рейтингхои карзии дарозмуддат ва кутохмуддати Сохибихтиёрии Чумхурии Точикистонро дар сатхи “B/B” бо пешгуии “устувор” тасдик намуд, – хабар медихад бонки Миллии Точикистон.

Ба гуфтаи коршиносон, пешгуии устувор аз як катор омилхо вобаста аст, ки дар байни онхо:

  • рушди муколамаи созанда бо шарикони байналмилали;
  •  рушди устувори иктисодии кишвар;
  •  афзоиши захирахои байналмилалии асъор.

Ин омилхо ба давлат имкон медиханд, ки ухдадорихои карзи хоричиро саривакт ичро кунанд ва фишори эхтимолиро ба тавозуни пардохт кохиш диханд.

Дар солхои охир тахкими нишондихандахои иктисодии хоричии кишвар ба нигох доштани хиссаи назарраси карзхои имтиезнок дар сохтори карзи давлати мусоидат намуд. Ин сарбории карзро идорашавандатар мекунад ва хавфхоро барои устувории макроиктисоди кохиш медихад.

Тасдики рейтингхо натичахои мусбати рушди иктисоди ва самаранокии идоракунии макроиктисодиро дар Точикистон инъикос менамояд. Илова бар ин, он ба тахкими эътибори байналмилалии кишвар мусоидат мекунад ва чолибияти онро барои сармоягузорони хоричи баланд мебардорад.

Бонки миллии Точикистон аз соли 2014 бо очонсихои пешрафтаи рейтингии чахони, аз чумла S&P Global Ratings дар масъалахои таъйин ва навсозии рейтинги карзии сохибихтиерии кишвар хамкори мекунад. Ин хамкори имкон медихад, ки иктидори иктисодии чумхури дар арсаи байналмилали объективи арзёби карда шавад.

АКСХО: Бонки Миллии Точикистон

error: