МОСКВА, 20 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Фраксияи” Русияи Одилона -Барои хакикат” лоихаи конунеро тахия намуд, ки тибки он хамаи хонандагони мактабхои давлати ва шахри метавонанд хуроки гарми ройгон гиранд.
Ин санад, тавре ки дар хадамоти матбуоти хизб хабар дода шуд, ба зуди барои баррасии парлумон пешниход намуда мешавад.

Муаллифони ташаббус рохбари хизб Сергей Миронов ва муовини аввали раиси кумитаи назорати дума Дмитрий Гусев буданд. Холо, Миронов хотиррасон намуд, ки танхо хонандагони синфхои ибтидои ва кудакони категорияхои имтиёзнок хуроки ройгон доранд.
“Хануз дар соли 2020, вакте ки конун дар бораи нахории ройгон барои синфхои ибтидои кабул намуда шуд, мо гуфта будем, ки тадбир бояд васеъ намуда шавад. Ошхона дар мактаб на танхо харочоти волидайн, балки нишондихандаи нобаробарии ичтимои низ мебошад. Лоихаи мо ин фаркиятро аз байн мебарад”, — кайд намуд вакили парлумон.
Дмитрий Гусев илова намуд, ки дар Русия беш аз 18 миллион кудак тахсил мекунанд ва кисми зиёди онхо бо мушкилоти саломатии гизои номунтазам ру ба ру мешаванд. “Лоихаи конуни мо эътимоди волидон ба фардо ва кадами мухим барои пешбурди саломатии мактаббачагон аст”, — таъкид намуд вакил.
Аз соли 2020 дар Русия конуне амал мекунад, ки барои хамаи хонандагони синфхои ибтидои хуроки гарми ройгонро кафолат медихад. Ин тадбирро миллионхо кудакон истифода мебаранд, аммо барои синфхои болои гизо пулаки боки мемонад.
Ташаббуси “Русияи Одилона” ба бартараф намудани холиги ва чори намудани стандарти ягонаи гизо барои хамаи мактаббачагони кишвар равона шудааст.
Аксхо: Mir24.tv