Зарбахои Исроил ба Яман: оё онхо метавонанд таксимоти куввахоро тагйир диханд? – ИА Караван Инфо
Зарбахои Исроил ба Яман: оё онхо метавонанд таксимоти куввахоро тагйир диханд?

Москва, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Низомиеёни исроил ба каламрави Яман зарба зада, эълон намуданд, ки як катор иншооти низоми ва шахрванди шикаст хурдаанд.

Дар руйхати хадафхо касри президентии Рохбари харакат Абдул — Малик ал-Хути, инчунин анборхои махсулоти нафти ва неругоххои баркии нохияи Сана мавчуданд. Тибки маълумоти манбаъхои исроили, хамла бо баргузории мулокоти рохбарияти хуситхо рост омад.

Аммо тахлилгарон кайд мекунанд: чунин амалхо фаъолияти харакати “Ансаралла” – ро катъ намекунанд. Хуситхо дар солхои охир системаи идоракунии васеъ ва гайримутамарказро таъсис доданд, ки ба онхо имкон медихад, ки хамлахоро хатто хангоми вайрон намудани иншоотхои алохидаи инфрасохтор идома диханд.

Саволи асоси ин аст, ки оё талафоти рохбарият буд ё не. Агар ин маълумот тасдик намуда шавад, окибатхои он хеле чиддитар хоханд буд.

Аз даст додани фармондехони баландпоя метавонад ташкилотро ба таври назаррас суст кунад, зеро пур намудани чунин сатхи рохбарон дар муддати кутох душвор аст.

Аммо таърих нишон медихад, ки кушишхои бартараф намудани рохбарони “Ансаралла” каблан хам сурат гирифта буданд ва то хол натичаи назаррас надодаанд.

Хамин тарик, зарбахои Исроил бештар аз он, ки омили ба таври кулли тагйир додани тавозуни куввахо дар минтака гардад, азми уро барои боздоштани хуситхо нишон медиханд.

Харакати “Ансаралла”, ки бештар бо номи хуситхо маъруф аст, кисми зиёди Яман, аз чумла пойтахти Сануро назорат мекунад. Хуситхо аз дастгирии низоми ва молиявии Эрон ва иттифокчиёни он дар симои хизби “Хизбуллох” истифода мебаранд.

Дар моххои охир, хуситхо хамлахои мушаки ва бесарнишинро, аз чумла ба иншоотхои марбут ба Исроил ва Кишвархои Гарбро таквият доданд.

Дар посух, Исроил ва иттифокчиёни он давра ба давра ба Яман зарба мезананд, аммо устувории харакат ва чандирии сохтори он чунин амалиётро махдуд мекунад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: