Дар Русия чихати истирохати тобистона барои кудакон аз бучет 62 миллиард рубл сарф шуд – ИА Караван Инфо
Дар Русия чихати истирохати тобистона барои кудакон аз бучет 62 миллиард рубл сарф шуд

МОСКВА, 26 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Хукумат натичахои пешакии маъракаи солимгардонии тобистонаро барои мактаббачагон чамъбаст намуд.

Ба гуфтаи сарвазир Михаил Мишустин, натичаи асоси кафолати сифат ва бехатарии истирохат тавассути навсозии инфрасохтор буд. Дар кишвар лагерхои кухна нав намуда мешаванд ва хамзамон иншооти нав сохта мешаванд.

Ин равиш, таъкид намуд раиси кобмин, як кисми лоихахои Миллии “Оила” ва “Чавонон ва кудакон” мебошад. Корхо дар зиёда аз нисфи минтакахои русия идома доранд, ки ба миллионхо бачахо имкон медихад, ки тобистонро дар табиат гузаронанд. Ба каламравхои наздимарзи диккати махсус дода мешавад.

Дастгири ба гуруххои аз чихати ичтимои мухим низ таъсир расонид. Барномахои солимгардони 180 хазор кудаки иштирокчиёни АМХ, 85 хазор мактаббачахои минтакахои нав, инчунин кудакони Вилоятхои Курск ва Белгородро фаро гирифтанд.

Дар мачмуъ, ракамхо таъсирбахшанд: барои истирохат зиёда аз 62 миллиард рубл чудо намуда шудааст, дар 40 хазор лагерхои гуногун зиёда аз 4,5 миллион кудак буданд. То соли 2025 дар минтакахо иловатан 255 модули истикомати сохта шуда, такрибан 100 иншоот аз ошхонахо то нуктахои тибби таъмири асоси гузаронида шуданд.

Чои махсусро рушди маркази байналмилалии “Артек” ишгол мекунад. Дар 100-солагии у дар Бердянск, вилояти Запороже филиали “красная гвоздика” кушода шуд. Гайр аз он, фестивали “Бигзор хамеша офтоб бошад” баргузор шуд, ки 3,5 хазор кудакро аз тамоми минтакахои Русия ва си кишвари чахон чамъ овард.

Анъанаи шуравии лагерхои кудакон дар Русияи муосир низ хифз шудааст, аммо дар солхои охир ба навсозии инфрасохтор ва васеъ намудани фарогири таъкид намуда мешавад.

Барномаи истирохати кудакон як кисми лоихахои милли гардид ва хамчун воситаи дастгирии оилахо ва тарбияи насли наврас ба назар мерасад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: