Пекин барои русҳо барои як сол раводиди озмоишӣ ҷорӣ мекунад – ИА Караван Инфо
Пекин барои русҳо барои як сол раводиди озмоишӣ ҷорӣ мекунад

МОСКВА, 2 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Чин аз санаи 15 сентябри соли 2025 то санаи 14 сентябри соли 2026 барои соҳибони шиносномаҳои оддии русия режими озмоишии 30-рӯзаи бидуни раводидро ҷорӣ мекунад. Дар ин бора Намояндаи расмии ВКХ-и Чин Го Тсзякун хабар дод.

Ба гуфтаи президент Владимир Путин, соли гузашта ҷараёни мутақобилаи сайёҳон байни кишварҳо 2,5 маротиба афзуда, ба 2,8 миллион нафар расид.

Москва ва Пекин аллакай аз 1 августи соли 2023 табодули сайёҳии гурӯҳии бидуни раводидро амалӣ мекунанд, ки дар ҳамон сол қариб 130 ҳазор русҳо аз он истифода намуданд, кайд мекунанд Ассотсиатсияи операторони сайёҳии Русия.

Коршиносон бар ин назаранд, ки режими нав мубодилаи сайёҳонро ҳавасманд мекунад ва робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни кишварҳоро тақвият медиҳад.

Русия ва Чин тадриҷан низоми бидуни раводидро васеъ мекунанд ва мубодилаи сайёҳиро осон мекунанд, ки ба афзоиши шумораи сайёҳон, рушди барномаҳои муштараки сайеҳӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Ҷорӣ намудани раводиди озмоишӣ қадами навбатӣ дар густариши дастрасии Чин барои шаҳрвандони русия ва ҳавасмандгардонии сайёҳии дуҷониба мебошад.

Аксҳо: Манбаъҳои кушода

error: